БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз иқдомҳои ватандӯстонаи ҲХДТ миннатдоранд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ғаллаобод»-и ҷамоати шаҳраки Обикиик вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  масъулин оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26-декабри соли 2018 бармеояд, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ба фаъолият оғоз кардани чархаи якуми НОБ-и Роғун, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ҳарф зада, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ,  расидан ба қадри хизматҳои беназири Пешвои миллат дар рушду нумуи кишвар раҳнамоӣ намуданд.

Дар қисмати амалии вохӯрӣ  тибқи нақша- чорабиниҳо  Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки сокинони маҳал роҳандозӣ гардида, ҳашарчиён  дар тоза намудани атрофи оромгоҳи маҳалла саҳми арзанда гузоштанд.

Инчунин,  дар ин  рӯз  масъулин  ба аёдати  беморони бистарӣ  рафта, ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ расониданд.           

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg