ЛЕВАКАНТ. Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Левакант баргузор гардид.
Дар он узви Кумитаи иҷроияи шаҳр, муовини раиси шаҳри Левакант Қурбонова Наргис, фаъолон аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони шаҳр иштирок намуда, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Саидҷаъфар дар соли 2018-ро муҳокима карда, вазифаҳои навбатии ҳизбиёни шаҳрро барои соли 2019 муайян намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр зимни ҷамъбасти кори маҷлиси Кумитаи иҷроия дастуру супоришҳои аз маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 3 январи соли 2019 ба миёнгузошта ёдовар шуда, аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро даъват намуд, ки ҳар кадоми онҳо дар иҷрои ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳмгузор бошанд.