БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони деҳаи Сайёра дар партави Паём корҳои ободониро вусъат медиҳанд

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Сайёраи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мулоқот  доир намуда, муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинон шарҳу тавзеҳ доданд.

Сипас, ҷиҳати татбиқи дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалинамоии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" дар ҳудуди деҳаи Сайёра корҳои тозагию ободонӣ, шинонидани дарахтон ва гулу буттаҳои ороиширо анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯз гирду атрофи деҳа аз партовҳо тоза карда шуда, роҳравҳоро рубу чин намуданд. Ҳамчунин, 25 дона дарахти зардолу, 100 дона гулҳои ороишӣ шинонида шуда, бехҳои дарахтонро низ нарм карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg