ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази даҳонпизишк»-ноҳия суҳбат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва татбиқи қисмати тарғиботӣ-амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» гузаронида шуд, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлатҷон Ғаффорзода иштирок дошт.
Зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода бо ҷамъомадагон иброз дошт, ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, ҲХДТ бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад.