ВОКУНИШ. Ба вуҷуд омадани терроризми муосир ба таърихи давраи нави Аврупо зич алоқаманд аст. Баътар он дар нимаи асри 20 вусъат ёфт. Тибқи таҳқиқоти олимон дар ин давра террори давлатӣ хеле маъмул буд ва онро ҳамчун терроризм “аз боло” низ маънидод мекарданд ( ба мисоли фашизм). Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон терроризми чапгаро як муддати кӯтоҳ пешсаф мегардад.