ВОКУНИШ. Ба вуҷуд омадани терроризми муосир ба таърихи давраи нави Аврупо зич алоқаманд аст. Баътар он дар нимаи асри 20 вусъат ёфт. Тибқи таҳқиқоти олимон дар ин давра террори давлатӣ хеле маъмул буд ва онро ҳамчун терроризм “аз боло” низ маънидод мекарданд ( ба мисоли фашизм). Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон терроризми чапгаро як муддати кӯтоҳ пешсаф мегардад. Он давлатҳои Мутараққиро низ фаро мегирад, ба мисоли “Бригадаи сурх” дар Италия, гурӯҳи “Амалиёти бевосита” дар Франсия ва инчунин, дар давлатҳои рушд, асосан дар давлатҳои Америкаи лотинӣ ( “Монтаренос”, “Тупамарос”, “Сендоро луминосо” ва ғайра).
Ба ақидаи мо терроризм бояд аз ҳисоби характеристикаи амалҳои террористӣ истифода бурдани восита дар террор (маводи тарканда, норинҷак, силоҳи оташфишон, силоҳи қатли ом, вирусҳои нави биологӣ, иттилоот информатсия, баррандагони иттилоот флейшка, вирусҳои компютерӣ, маводи барномавии компютерии худсохти террористон, барномаҳои забонсозии компютерӣ) низ тасниф дода шавад. Ҳамин тариқ, критерияҳои дар боло овардашударо таҳлил намуда, терроризмро чунин гурӯҳбандӣ намудан шарт аст:
- Терроризми давлат дар корҳои байналмилалӣ;
- Терроризм зидди золимон ва истибдод;
- Терроризми ҳукуматдорон бар зидди аҳолии мамлакатҳои мазлум;
- Террор ҳукуматдорон бар зидди халқ синфи муайян мазҳаб, табақаи иҷтимоӣ, ташкилотҳо, гурӯҳҳо;
- Террори ифротиён;
- Террори сохторҳои ҷабҳавӣ ва мухолифони давлат;
- Террори намояндагони халқҳои мазлум бар зидди истисморгарон;
- Террор дар раванди мубориза барои ҳокимият ва тақсим намудани моликият;
- Террори гурӯҳҳои криминалӣ дар рафти муборизаи рақобатӣ;
- Террори фардӣ бар зидди намояндагони ҳукумат ва роҳбарони мақомоти гуногун;
- Терроризми психопатҳо;
Раҷабализода Ҳокималӣ Раҷабалӣ, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара