БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР ИБТИДОИ ҲАСТИИ БАШАРИЯТ

АНДЕША. Модар чи калимаи  муқаддас ва гуворо аст. Сарчашмаи ҳастии ҳар як инсон маҳз модар ба шумор меравад , зеро ягона мавҷудест, ки пас аз Худованд қудрати офариниш дорад, инсон меофарад, меҳру муҳаббати  модар нисбат ба фарзанд беканор аст. Тамоми  пайғамбарон,  нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд.

Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим фуруд оварда, ӯро поктарин зоти офаранда дар рӯи замин эътироф намудаанд.Барои  ҳар як инсон бояд модар қимматтарин неъмати рӯи ҷаҳон, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо, фариштаи рӯи замин ва ҳимматбаландтарин шахс бошад, зеро ранҷу заҳмати шабонарӯзӣ ва бедорхобии якшабаи ӯро мо наметавонем баргардонда бошем. Модарон тамоми  ширинии  умри  худро  бо  як  умед  баҳри тарбия ва ба камол расонидани фарзандон мебахшанд , ки дар пирӣ ҳамчун асо ба онҳо такягоҳ бошанд. Аммо  дар  ҷомеа афроде ба назар мерасад, ки ҳамаи ин умеду орзуҳои онҳоро бар боди фано мебарад. Набояд фаромӯш кард, ки  нигоҳубину парастории модару падар дар пиронсолӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи ҷавонмардии мо мебошад. Зеро савоби парастории волидайн ва баракати дуои онҳо дар дини мубини ислом бо ҳаҷҷи акбар баробар дониста шудааст.

Заҳмату хизматҳои содиқононаи   занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани шароити рӯзгор басо назаррас арзёбӣ мегардад.Ҷомеаи  имрӯзаи Тоҷикистони азизро  бидуни зан-модар тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро дар пешбурди чархаи давлатдории миллӣ занону модарон  нақши калидӣ доранд. Бо ба даст овардани Истиқлолияти  давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби  Халқии Демократии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд  бардошта шуд, ки дар фаъолияти минбаъдаи  занон   заминаи мусоидро фароҳам оварда, онҳоро водор месозад , ки  дар марҳилаи  кунунии  давлатсозию давлатдорӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи  Ватани биҳиштосоямон саҳми шоистаи  худро  гузоранд.

Бо ибрози беҳтарин ниятҳои нек ҳамаи  модарону бонувони арҷманди Тоҷикистони азизро  ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо  тани сиҳат, иқболи баланд, дар хонадонашон осоишу оромӣ ва хушбахтиву коёбиҳои беназирро  орзу менамоям.

Идатон  муборак, модарони меҳрубон, бонувони гиромӣ!

Худойдод Ёров, сармутахасиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ   дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg