АНДЕША. Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шавқат, фазилату порсӣ, фурутаниву хоксорӣ, бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд. Мо низ рисолати инсонпарвариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем.
Ҷашни фархундаи модарону бонувон ҳамасола аз омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи Аҷам мужда мерасонад. Дар ин айём табиат аз нав эхё шуда, хурраму дилкаш мегардад. Ин рангорангии табиат ба ҳусни модарону бонувони мо зебоиву назокати бештар зам мекунад. Яъне, фасли баҳор, ки ба табиати модарону хоҳарони мо созгор мебошад, сиришти зебоипарастии онхоро таровати баҳорона мебахшад.
Зан – Модар бо сад мушкилӣ, вале бо нияти неку умеди зиёд инсонро ба дунё меорад, ӯро тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. Модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.
Модар чунон дили пур аз меҳр дорад, ки дар бисёр ҳолатҳо бо меҳрубониву бахшояндагии хоси худаш аз гуноҳи фарзанд мегузарад ва ӯро мебахшад. Суханоне, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханҳоро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад.
Мо фарзандон чӣ кадаре, ки ба модар хизмат накунем, ҳатто якшаба ранҷи шабзиндадориҳои ӯро ҷуброн карда наметавонем.
Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифтро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад. Аз ин рӯ, модар барои фарзанд ҳам умеду орзу, ҳам қалбу рӯҳ, ҳам дармони ҷисму ҷон, яъне меҳрубонтарину ғамхортарин ва муқаддастарин шахс мебошад.
Беҳтарин туҳфа барои модар на гулу гулдаста, на молу сарвати дунё, балки хушбахтиву саломатии фарзанд ва як меҳрубониву навозиши ӯ мебошад, Мафҳумҳои муқаддаси «Модар» ва «Ватан» бо ҳам тавъам буда, фарзандони ватандӯстро маҳз модар ба дунё, меорад ва муҳаббати Ватанро бо шири сафедаш дар вуҷуди фарзанди худ ҷой мекунад.
Дар Тоҷикистони азизи мо хурду бузург заҳмату фидокориҳои модарону бонувонро қадр мекунанд. Зеро бонувони мо имрӯз бо нангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари модарон фаъолият доранд. Саҳми бисёр арзишманди онҳо ва натиҷаи заҳмати софдилонаашон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад.
Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд.
Ҳоло ҳазорҳо нафар занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати Ватан-Модарро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд.
Модар дар ин калима ҳазорон маънӣ нуҳуфтааст. Чӣ калимаи ширину латифу муқаддасу гуворост, Вақте ки шахс ин калимаро ба забон меорад, пеши назараш симои нуроние ба ҷилва меояд, ки пур аз меҳру муҳаббат, инсофу шафқат, равшанию гармӣ, нафосату латофат аст.
Модарро чун гули офтобпараст хондаанд, Агар гул рӯяшро сӯйи офтоб кунад, пас рӯйи модар ҳамеша ҷониби фарзанд аст. Дидам падаронеро, ки аз фарзанд даст кашидаанд, аммо надидаам модареро, ки аз фарзанд рӯй гардонда бошад. Бо чӣ сахтиҳое набошад, фарзандонро тарбия намуда, аз канорашон дур накардаанд.
Агар инсон мунсифона ба сахтиҳои ҳолати бордорӣ, таваллуд намуданд, тарбия кардан, бедорхобиҳо кашидан, меҳру муҳаббати бузурге нисбати фарзанд доштани модар назар бинамояд, ҳеҷ шаке нахоҳад монд, ки хизмати модарро барояш ҳатмӣ медонад.
Накардам ҳамчу Ҳофиз васфи ҳоле,
Ҳамон дам ошиқона рӯйи дафтар.
Нахустин шеъри худро бо муҳаббат,
Навиштам рӯйи хок аз меҳри модар.
Раҳмонова Маҳбуба, мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон