ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол дар оромгоҳи деҳаи Вахш бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, раиси Ҷамоати деҳоти Истиқлол Ҳайдарзода Зикрулло ва бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Деҳқонобод”, “Вахш” ва “Лоҳутӣ” ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи Ёдоварӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии ҳизбӣ зиёда аз 360 нафар сокинони Ҷамоати болозикр ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳи деҳаро аз алафҳои бегона ва растаниҳои худрӯй тоза карда, дар баробари ин ҷӯю заҳбур низ тоза карда шуд. Ҳамзамон беш аз 100 бех дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ шинонида, дар ҳаққи гузаштагон дуои нек карданд.
Бояд қайд кард, ки баргузории чунин иқдомҳои нек дар оянда низ тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар назар аст.