НОРАК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани “Рӯзи Модар” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони “Модар яктост - Тоҷикистон яктост” миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳр бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак баргузор гардид.
Дар ҷамъбасти озмун ғолибон муайян гардида, сазовори ҷои якум хонандаи синфи 11 муассисаи тащсилоти миёнаи умумии №28 Латипова Фотима, сазовори ҷои дуюм Бердиева Шукрона хонанда синфи 11-и Литсейи давлатии “Нурбахш” ва сазовори ҷои сеюм донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳр Ҳамроқулова Фотима гардиданд. Дар фарҷом ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.