БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР САРЧАШМАИ ҲАЁТ

АНДЕША. Бузургии зан – модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.

Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд.

 Биҳишт, ки ризои мо дар он аст,

 Дар зери қудуми модарон аст.

 

Зиҳӣ, модар, ба чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам дар пешат сар фуруд меоранд.

Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

Идатон муборак модарони азиз!

Раҷабзода Қурбонгул, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон                       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg