ШАҲРИТУС. Вобаста ба амалӣ намудани банди 2-и нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус бахшида ба таҷлили “Рӯзи Модар” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 -и ҷамоати шаҳраки Шаҳритус байни хонандагони синфҳои 10 ва 11 –и муассисаҳои таълимии №1, 4 ва 36 озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Модар яктост, Тоҷикистон яктост” баргузор гардид.
Хонандагони муассисаҳои номбаршуда фикру ақидаҳои худро вобаста ба маъзӯ ба қалам дода, аз диди худ нисбати Модар ва Ватан иншо навиштанд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баъди санҷидани иншои хонандагон аз ҷониби устодон ба хонандагоне, ки доир ба ин мавзӯъ фикрҳои ҷолиб навиштаанд, дар ҳайати 3 нафар муқаррар намуда, ҷои якум ба хонандаи синфи 11-и МТМУ №1 гирандаи стипендияи Президентӣ Сафарова Умеда, ҷои дуюм ба хонандаи синфи 10-и МТМУ №4 Тӯйчиева Оиша ва ҷои сеюм ба хонандаи синфи 10 -и МТМУ №36 Ҳамроева Бинафша ғолиб дониста шуда, бо дипломи Кумитаи иҷроия ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.