АНДЕША. Тоҷикистон, ки давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ҳаст дар он фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ аз лиҳози қонун озод аст. Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои мебошад, ки бо Барномаи созандаи худ миёни ҷомеа мақому манзалати баландро дар байни дигар азҳоби сиёсӣ пайдо кардааст.
Масалан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи таъсисёбиаш 10.12.1994 ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа дар байни мардум шинохташуда, аъзои худро таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” муттаҳид намудааст. Мавриди зикр аст, ки имрӯз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ иттиҳодияҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ ва корҳои ҷамиятӣ ба маротиб боло рафтааст. Бахусус, дар Паёми имсолаашон ба масъалаи сиёсати занон бисёр ба маврид қайд карданд, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос дар иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ, дар рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва рушди иқтисодии кишвар саҳми арзандаи худро доранд. Ҷои зикри хос аст, ки имрӯз дар асоси фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” иқдоми ҷиддӣ дар самти боло бурдани мавқеи зани тоҷик дар ҷомеа гашта, бори дигар ифодагари иродаи сиёсии роҳбарияти олии мамлакат ва эътимоду боварӣ ба қудрату садоқати зани тоҷик ҳаст ва хоҳад монд. Амали мазкур нишондиҳандаи дастгириҳои ҳамасолаи ҳукумат ва давлат дар самти ҳавасмандгардонии ин қишри ҷомеа ва ҷалби васеи онҳо ба корҳои идоракунӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад, ки ин бори дигар аз нерӯи созандаю ободкорӣ кишвар шаҳодат медиҳад.
Занон дар корҳои ҳизбӣ нисбатан хеле фаъол гашта истодаанд. Кумитаи иҷрояи ҲХДТ ар шаҳри Кӯлоб тибқи таҳлилҳои ҳамасолаи худ раванди фаъолияти фаъолзанони ҳизбиро натиҷагирӣ намуда, баҳои баланд мегузорад. Яке аз вазифаҳои асосии фаъолзанони ҳизбӣ ин кор бурдан дар байни занони хонашин ва тарбияи духтарон мебошад. Занону духтарони тоҷик сарфи назар аз он, ки дар кадом мақоме фаъолит дошта бошанд, бояд бо гуфтору ахлоқи ҳамидаи худ фарқ намуда, намунаи ибрати дигарон бошанд. Айни замон мутобиқи ҳисоботи оморӣ бештари аъзои ҳизбро занҳо ташкил медиҳанд, ки ин як қувваи бузурги фаъолзанон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мебошад. Бе муҳобот занон дар сафи пеши ҳизб қарор дошта, дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ ширкат варзида, дар мактаби ҳизбӣ обутоб ёфта, маҳорати кордонии худро такмил дода истодаанд. Аз ҳамин зина низ ба кадрҳои роҳбарикунанда пешниҳод мегарданд.
Агар ба гузашти давру замон як назар афканем ба ширкати занон дар корҳои ҷамъиятию роҳбарӣ ақидаҳо гуногун буданд. Бархе онро ҷонибдорӣ намуда, қисми дигар мухолиф буданд, ки ин масъала то ба имрӯз вижагиҳои хоси худро дорад. Мақом ёфтани занон дар вазифаҳои гуногунҷабҳа ин аз қабули Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарҳуқуқии мардону занон” ва имкониятҳои баробарии амалинамоии онҳо сарчашма гирифта, қадами ҷиддие дар самти ҳалли масъалаҳои гендерӣ дар даврони истиқлолият арзёбӣ мегардад.
Бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватан ҳар яки мо занону модарони бонангу номуси тоҷик, бахусус дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир дар паҳлӯи якдигар бошем, Суҳу Ваҳдати бо хуну ҷон ба даст овардаро мисли гавҳари бебаҳотарин ҳифз намуда, ба наберагонамон- насли ояндасози миллату давлат мерос гузорем.
Валиева Саъбагул, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб