БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Март 2021

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ЁВОН. Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» бахшида ба истиқболи ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Ёвон рӯз то рӯз вусъат ёфта истодаанд, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорони маҳаллӣ хеле калон ва шоистаи таҳсин аст.

СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

ЁВОН. Дар деҳаи Дастгираки поёни Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон  бахшида ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” 10 адад ҳоҷатхонаҳои наву замонавӣ бо усули деренажӣ сохта ба истифода дода шуд.

РОҲСОЗӢ АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ

ЁВОН. Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо саҳми соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони хайрхоҳи ҷомеа дар доираи Аксияи ҳизби таҳти унвони “Якҷоя месозем!” зиёда аз 300 метр роҳи дохили деҳа сангфарш карда шуд.

СОҲИБКОРОН ДАР РУШДИ ВАРЗИШ САҲМГУЗОРАНД

АНДЕША. Варзиш яке аз соҳаҳои муҳим буда, таваҷҷуҳи хоса ба он равона намудан зарур мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, дар ин самт имтиёзҳои зиёдеро ба роҳ мондааст. Дар давоми солҳои 2018-2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои варзишӣ аз ҷониби соҳибкорон сохта ба истифода дода шуд.

СЕМИНАР – МАШВАРАТ ҲИЗБӢ БО РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ҶАЙҲУН. Семинар- машварати ҳизбӣ   оид ба ба таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб  аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар бинои маъмурии ҳизб бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии муассисаву корхона семинар-машварати дастурдиҳӣ тибқи дастурамал (Роҳнамо) дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.

БО ҲАМ ВАТАНАМОНРО ОБОД МЕСОЗЕМ!

ВОСЕЪ.  Бо мақсади иҷрои нақша -чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи байналмиллалӣ  30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар ноҳияи Восеъ корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.

МАКТАБ ДАРГОҲИ МУҚАДДАС АСТ

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Интернати №1»-и ҷамоати деҳоти М.Маҳмадалии ноҳияи Восеъ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ вохӯрӣ баргузор гардид.

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО СОКИНОН

ВАХШ. Дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и деҳаи Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод, оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат ҷамъомад ва суҳбату вохӯрии судманд доир карда шуд.

ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯ

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани кӯчаю хиёбонҳои маркази ноҳия бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ к

МАРОМИ МО – ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади шаҳру тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Коммунисти Ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар ноҳия вохӯрии навбатӣ гузаронида шуд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg