БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ЁВОН. Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» бахшида ба истиқболи ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Ёвон рӯз то рӯз вусъат ёфта истодаанд, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорони маҳаллӣ хеле калон ва шоистаи таҳсин аст. Дар ҳамин доира 16 марти соли 2021 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми соҳибкор Акбар Асадулло мумфаршкунии роҳи кӯчаи Меҳвари маркази ноҳия шурӯъ карда шуд. Чанде пештар бо саҳми соҳибкор Баҳриддин Ҷурахонов роҳҳои кӯчаи ба номи Кароматулло Қурбонов ва як қисмати кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзода аз таъмири асосӣ бароварда шуда буд. Соҳибкорони ватандӯст тасмим гирифтаанд, ки дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолият зиёда аз 10 км роҳҳои асосии шаҳраки Ёвонро мумфарш намоянд. Имрӯзҳо тамоми сокинони ноҳия тавассути ҳашарҳои муташаккилона дар ҳар як кӯчаву маҳалла даст ба корҳои созандагӣ зада, дар ободонии диёри худ саҳм мегузоранд. Ҳамдиёрони азиз, ободу зебо гардонидани дару хонаи ҳар яки шумо туҳфаи арзандаест ба ҷашни бузурги Истиқлолият. Якҷоя диёрамонро обод мекунем!

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg