БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

ЁВОН. Дар деҳаи Дастгираки поёни Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон  бахшида ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” 10 адад ҳоҷатхонаҳои наву замонавӣ бо усули деренажӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳоҷатхонаҳо дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 буда, барои хонандагон шароити мусоидро фароҳам меоранд.

Сохти ин гуна ҳоҷатхонаҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида, аз тарафи шаҳрвандон бо хушнудӣ пазируфта шуд. Ин усулро ҳамагон аллакай дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, коргоҳ ва роҳравҳои ҳудуди ноҳия роҳандозӣ кардаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg