АНДЕША. Ҳамасола Артиши миллиро 23- уми феврал дар сар то сари Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 43 чунин оварда шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Имсол 28-солагии Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад.