БОХТАР. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 шаҳри Бохтар бо бо сокинони маҳаллаҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстии халқҳо, Борбад ва ташкилоти ибтидоии “Роҳнамо” вохӯрии ҳизбӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Насриддин иштирок дошта, мавсуф зимни суханронии худ, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат вобаста ба рушду инкишофи соҳаи маориф низ ибрози назар карданд. Аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Дар Паёми хеш Пешвои миллат муҳарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки “Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63 000 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шавад- таъкид доштанд Пешвои миллат.Сипас, миёни намояндагони ҳизбӣӣ ва шаҳрвандон саволу ҷавобҳо оид ба масъалаҳои муҳими рӯз ҷараён гирифта, маҷлиси ҳизбӣ анҷом ёфт. Дар охир ба чанд нафар шаҳрвандон, ки барои пайвастан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд, шаҳоданомаҳои ҳизбӣ супорида шуд.