ВОСЕЪ. Бо мақсади ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ва бо ин васила саҳм гузоштан дар ташаккули мафкураи сиёсии онҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи бо усули “роҳ ба роҳ” ба сокинон нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ”-ро тақсим намуданд.
Зимни суҳбат бо сокинон кормандони масъули ҳизбӣ қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи нерӯи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.