БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМОИ ФАРДОИ БОСАОДАТИ ХАЛҚ

АНДЕША. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои миллӣ, иҷрои нақшаҳои бузурги халқу давлат мебошад.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат самтҳои асосии  сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъда  муайян намуда, дар бораи пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, молия,  маорифу тандурустӣ, фарҳанг, мавқеи занону ҷавонон, таҳкими давлатдории миллӣ, сиёсати хориҷӣ ва дигар масъалаҳо ба ҳаёти давлату миллат дахлдошта ҳарф заданд.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки  соли 2020  бо рӯйдодҳои таърихию фарҳангии худ дар хотири халқ ҳамчун соли таърихӣ боқӣ мемонад. Ба зуҳур ва паҳн шудани бемории коронавирус нигоҳ накарда, меҳнаткашони кишвар ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ноил гардиданд. Дар ин сол ду маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҳамчунин интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қонун озод, шаффоф ва демократӣ баргузор карда шуд, ки ин аз ҳувият ва ифтихори миллии ҳар як сокини мамлакат дарак медиҳад.

Соли 2020 дар мамлакат 300 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи кор ба истифода дода шуд.  Дар натиҷа, соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне, беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад. Ин гувоҳи он аст, ки  Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ қадамҳои устувор ба пеш мегузорад.

Президенти мамлакат таъкид намуд, ки соли 2021 дар масъалаи таъмини аҳолӣ ба маводи аввалия соли душвор аст.  Бинобар ҳамин барои боз ҳам баланд бардоштани  иқтидори миллӣ ва самаранок исттифода намудани ҳар ваҷаб замин ва ба ин васила расидан ба зиндагии шоиста дастуру супоришҳои созанда доданд.  Аз андози замин озод намудани кишоварзони мамлакат пайғоми хуше  барои онҳост, ки ба фаъолияти деҳқонон ва маҳсулнокии кори онҳо заминаи мустаҳкам мегузорад.

Дар Паём арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги бостонии миллат ва омӯхтани он, ҳифзу нигоҳдории  ёдгориҳои таърихӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ махсус қайд гардид.

Мо вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг дар баробари омӯхтан ва ба мардум фаҳмонидани Паём вазифадорем, ки дар татбиқ намудани ин ҳуҷҷати роҳнамо саҳми арзандаи худро гузорем.

Саймумин Бобоназаров, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg