ДАНҒАРА. Дар ҷамоати деҳоти Себистон бо иштироки гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, намояндаи Донишгоҳи Давлатии Данғара ва намояндаи Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони ҷамоати номбурда, суҳбат оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Пирмуҳаммад Каримзода оғоз ёфта, мавсуф зикр намуд, ки 26-уми январи соли 2021 Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа гардида, дар он тамоми самтҳои фаъолияти кишвар барои соли 2020 ва вазифаҳо барои дурнамои оянда муайяну равшан гардиданд. Баъдан, Ёвари ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода андешаҳои хешро вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, аз иштирокдорон ҷиҳати татбиқи он даъват ба амал овард.