ВОСЕЪ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо ҷавонони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ№53”-и ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ аз тарафи масъулини ҳизбӣ иброз гардид, ки дар Паёми имсола қайд гардид, ки ҷавонон ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат мо ҷавононро зарур аст, ки пайваста илм биёмӯзем ва дар пешравию ободонии Ватани азизамон саҳми худро гузорем.