ВОКУНИШ. Дар бораи тамошои филми мустанади «Бешарафӣ» кормандони Литсейи давлатии № 1-и шаҳри Бохтар баъди тамошои филми мустанади «Бешарафӣ» дар бораи бешарафӣ, қаллобӣ, ахлоқи бади Мулло Қаландар ва писараш Муҳаммадиқболи Садриддин маълумоти пурра гирифтанд.
Маълум гашт, ки аз оилаи Садриддинов Қаландар (лақабаш Мулло Қаландар) ягон нафар маълумоти кофӣ надоштаанд, аммо дар чанд маҳалла хонаҳои истиқоматии дуошёна доштааст, ки дар он ҷо иҷоранишинон истиқомат мекардаанд. Савол ба миён меояд, ки як оилае, ки дар он ягон кас кор намекард, аз куҷо ин қадар маблағ дарёфт намудаанду якчанд хонаву дар сохтаанд.
Муҳаммадиқболи Садриддин - писари Мулло Қаландар дар назди муллоҳои маҳаллаашон таълимоти динӣ мегирад. Ин таълимро на танҳо ӯ, балки тамоми фарзандони мулло Қаландар, яъне бародару хоҳарони Муҳаммадиқбол мегиранд. Таълимоти аввали диниро Муҳаммадиқбол аз падараш меомӯзад. Ӯ ҳамсолони худро, ки аз таълимоти динӣ дур буданд, яъне намоз намехонданд, «кофир» мегуфт. Муҳаммадиқбол дар байни бачагон сурудҳое, ки мазмуну муҳтавои даъват ба ҷанг доштанд, зам-зама мекард. Ба онҳо мегуфт, ки ба наздикӣ дар майдони шаҳидон гирдиҳамоӣ ба амал меояд. Дар ҳақиқат баъд аз ду-се сол, яъне соли 1992 дар майдони шаҳидон гирдиҳамоӣ ба амал омад. Муҳаммадиқбол бо аҳли оилаашон ба Афғонистон фирор намуданд.
Аз гуфтаҳои Саидҷалол Сиёҳаков собиқ узви иттиҳоди неруҳои оппозитсионии Тоҷикистон бармеояд, ки аз домуллоҳои бонуфузи ҳамонвақта бо номи Мулло Шариф, тоҷике, ки ӯ ҳам дар шаҳри Амирободи Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳамчун гуреза зиндагонӣ доштааст, писари Мулло Қаландар - Муҳаммадиқболро бар ивази маблағи калон ба қумандон Ғулом гуфтанӣ Афғон бурда месупорад.
Қумандон Ғулом бо бародари худ дар он ҷо нуфузи калон доштаанд, дар минтақаи Амирободу Хонобод худро ҳам шоҳ медонистаанду ҳам вазир.
Рӯзе қумандон Ғулом дар кӯча Муҳаммадиқболро мебинад, ӯ хеле зебо ва диққатҷалбкунанда будааст, ки ба қумандон Ғулом маъқул мешавад. Қумандон Ғулом ба навкаронаш амр медиҳад, ки бо ҳар роҳе, ки бошад, ҳамин навраси тоҷикро гирифта ба назди ӯ оранд.
Дар бораи кирдорҳои ғайриинсонии ин шахсон шоҳидони ҳол маълумот доданд. Муҳаммадиқболи Садриддин тавонистааст, ки барои манфиати шахсиаш, аз худ кардани моли мардум чизеро андеша намекардаст.
Дар ниҳоди ӯ шахсият ҷойгоҳи худро гум кардааст, аз нишонаи мардӣ барояш танҳо хамон вожаи нишондиҳандаи ҳайсияти ҷинсӣ боқӣ мондааст, ки дар варақаи шиносномааш сабт аст.
Дар ҳақиқат Муҳаммадиқболи Садриддин самара, меваи талхи ниҳоли ҷанг аст. Сухан ин ҷо танҳо дар бораи ӯ намеравад, ҳодисаи бар сари ӯ омада бояд нафрати ҳамагонро нисбат ба ҷанг ба вуҷуд орад. Ин фоҷиаи миллист, ки навраси ноғуломи падидаи манфуру шармовари доираҳои ифротии мавҷудаи бачабозӣ гардонидан, ин ғулом дигар ҳайсияту шараф надорад, мафкураи ғуломӣ ва маблағи аз ҳисоби аз он дарёфта дигар барояш имкон намедиҳад, ки аз муқаддасот сухан гӯяд. Ҳатто исломи ӯ дар нӯги забонаш аст, на дар умқи таъм. Агар ӯ мусалмони ҳақиқӣ мебуд, аз туҳмат, ғайбат, дуруғ, дашном, носазо, бадном кардани дигарон, ранҷонидан, айбҷӯӣ, суханчинӣ, риё дар гуфтор, шаҳодати бардурӯғ, хабареро надониста паҳн кардан, суйистифода аз дину мазҳаб, бо макру фиреб қарздор ва хонавайрон кардани мардум ҳаргиз намекард.
Муҳаммадиқболи Садриддин қурбонӣ аст, қурбонии ҷанг ва ҷангандозҳо, дар симои ташкилоти террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ, ҷанге, ки бародар бародарро бикушт, ҷанге, ки як нафарро ба хиёнат кардан мувоҷиф сохт. Аввал дар баробари номуси ҷавонмардӣ, акнун бар зидди миллати худ таҳқиру беномус шудани худро айби миллат ҳисобиданист. Мехоҳад интиқом гирад, тавассути ҳарзагӯйиҳо ва ҳақорату тавъин дар шабакаҳои интернетӣ орзу дорад, ки чунин дарду бадбахтиҳо боз бар сари миллат биёянд, ҳамсафони худро зиёд намояд.
Мусаллам аст, ки миллатҳо маҳз барои пешгирӣ намудани чунин фоҷеаҳои нангину сангин истиқлолият мехоҳанд, тинҷиву осудагиро муқаддас медонанд.
Мо низ бояд ба такрор шудани чунин ҳаводиси нангин дигар роҳ надиҳем, решаи манфури ақида, мафкураи ифротӣ таблиғкунандаи ҷаҳолату торикиро, ки ба сари Муҳаммадиқболҳо омадаро фароҳам месозад, нест намоем. Имрӯз мо дар Ватане умр ба сар мебарем, ки роҳи фардои наврасону ҷавононаш равшану дурахшон аст. Ҳар яке аз тамоми имконот бархӯрдор аст, то озодона дар мактабҳо таҳсил намояд, то ояндаи худро бо дасти хеш бисозад.
Сироҷева М., узви гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар