БОХТАР. Маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар доир шуд.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳизода Неъматулло, аъзои ҳизб ва кормандони ин муассиса иштирок доштанд. Дар маҷлис масъалаҳомуҳим - таъсиси ташкилоти ибтидоӣ, номгузории ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раису котиби ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ ва қабул ба сафи ҲХДТ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳизода Неъматулло суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Ҳизб Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя менамояд. Суннатҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф медиҳад ва ҳаргуна зуҳуроти номатлубро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияти худ мешуморад.
Дар идома масъалаҳои рӯзномаи маҷлис муҳокима шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Ҳамин тариқ, бо қарори муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуда, ташкилоти ибтидоии навтаъсис “Маърифат” номгузорӣ карда шуд. Баъдан бо ҳамовозии иштирокдорон узви фаъоли ҲХДТ Баҳодуров Шамсиддин раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.
Дар интиҳои маҷлис раиси Иброҳизода Неъматулло ба чанд нафар аъзои ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбиро супорид.