БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АРТИШИ МИЛЛӢ СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

АНДЕША. Ҳамасола Артиши миллиро 23- уми феврал дар сар то сари Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 43 чунин оварда шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Имсол 28-солагии Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, имрӯз бо кадрҳои донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад, ба нерӯи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ, ки он зодаи Истиқлолияти давлатӣ аст, табдил ёфт. Дар остонаи ин ҷашни бошукӯҳи таърихӣ ҳар як фарди ватандӯст беихтиёр роҳи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро албатта пеши назар меорад. 23-уми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ сиёсӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне,  ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд.

Имрӯз сокинони мамлакат дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэътимод медонанд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи моддию техникии  имрӯзаи Артиши миллӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ менамояд.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Артиши миллии Тоҷикистон, ки бисту ҳафт сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуд, ҳанӯз аз солҳои нахустин аз имтиҳону озмоишҳои шадиди он айём гузашт ва тадриҷан ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи боэътимоди сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт.

Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор, инчунин, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.

Бояд гуфт, ки мавҷудияти хатти сарҳад яке аз нишонаҳои муҳимтарини давлати соҳибистиқлол буда, ҳар як кишвари мустақил марзҳои худро ҳамчун рамзи муқаддаси миллӣ ва ҷузъи асосии давлатдорӣ ҳифзу нигаҳбонӣ менамояд.

Бинобар ин, соли 1994 бо вуҷуди вазъи ниҳоят сангину номусоиди сиёсиву иҷтимоӣ ва имкониятҳои маҳдуди иқтисодӣ мо дар баробари Артиши миллӣ сохторҳои ҳифзи сарҳадро низ таъсис додем.

Бо гузашти солҳо, Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун сохтори алоҳидаи низомӣ дар таъмини дахлнопазирии сарҳади давлатӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёриву амнияти кишвар, ҳаёти осудаи мардум ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти мамлакат обутоб ёфта, бо дастгирии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон заминаҳои моддиву техникии онҳо таҳким бахшида шуданд ва масъалаҳои таъминоти қӯшунҳо бо шароити зарурии кору хизмат ва мутахассисони баландихтисоси низомӣ марҳала ба марҳала ҳаллу фасл гардиданд.

Ҳукумати кишвар заҳмату ҷасорат ва фидокориву матонати ҳомиёни содиқи Ватанро ҳамеша қадрдонӣ карда, дар баробари дигар дастгириҳо то имрӯз садҳо нафар афсару сарбози Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадиро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз гардонидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ, бо таҷҳизоту техникаи замонавӣ ва муҳимоти ҷангӣ таъмин кардани воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ, яъне фароҳам овардани шароити ҳозиразамон барои фаъолияти самараноки Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ чораҷӯйӣ хоҳад кард.

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд аз таърихи ибратомӯзи миллати сарбаланду сулҳпарвар, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи ҷоннисориву мардонагӣ гиранд.

Ҳар як ҳомии марзу буми Ватан бояд дар хотир дошта бошад, ки фарзандони далеру шуҷои аҷдоди шарафманди мо дар ҳама давру замон бо ҷасорату матонат ва эҳсоси баланди ватандӯстиву адолатхоҳӣ шаъну эътибори миллати худро ҳифз намудаанд.

Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад.

Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад.

Расулов Ғолибҷон,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон  ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg