Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Футбол дар баробари дигар навъҳои варзиш миёни насли ҷавон мавқеи хеле баланд дошта, барои болидагии руҳу тан ва тарбияи солимии ҷавонон нақши калидӣ дорад. Ин намуди варзиш миёни ҷавонони кӯҳистон рӯз аз рӯз мухлисону ҳаводорони зиёд пайдо карда, дар ҳар кӯчаю пасткӯча аз кӯдакӣ хурд то насли калон вақтҳои холигии худро бо ин навъи варзиш мепайванданд.