БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ҚОИДАҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИКӢ МУҲОФИЗАТ АЗ КОРОНАВИРУС АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Носири Хусрав   дар маҳаллаҳои Қора  Камар ва  Ҳайдарободи  Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо усули «хона ба хона»  корҳои таблиғотиро ба роҳ монданд. 

Масъулин дар суҳбат  аҳолиро  хотиррасон  карданд, ки  ба  гигиенаи  шахсӣ  аҳамият  дода, истифодаи  ҳатмии  ниқобҳои  тиббӣ,   мунтазам шустани  дастон  бо  собунро риоя кунанд. Шахсоне, ки  сулфа  ва  ҳарорати    баланд  доранд, ба табибони минтақавии худ муроҷиат  намоянд. Бояд қайд кард, ки бемории сироятии коронавирус имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар аксари кишварҳо новобаста  аз  корҳои  ба сомон  расонида  ҳоло  ҳам шумораи зиёди одамон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Сироятёбӣ авҷи  дуюми ин  беморӣ  дар бисёр  кишварҳои дунё  ба қайд гирифта шуда истодааст. Аз ин хотир барои гирифтани роҳи  авҷи дуюмбораи ин бемории ҳамагир мо шаҳрвандон бояд масъулияти бештар дошта  бошем. Ҳамчунин, дар ин раванд истифодаи дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишти  такрорӣ  ва   захираи  маҳсулоти  кишоварзӣ  андешаронӣ карда шуда, ба сокинон вобаста ба истифодаи самараноки замин тавсияҳои судманд дода шуд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg