БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР БАЙНИ АҲОЛӢ ПУРЗӮР ШУД

НОРАК. Вобаста ба пешгирӣ ва муборизаи шадид зидди  бемории сироятии коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ миёни сокинон бо усули “Хона ба Хона” боз ҳам пурзур намуда, ҳамзамон истмифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони мосир ба роҳ мондаанд

Зимни вохӯрӣ  масъулин ба сокинон таъкид намуданд, ки  саломатии ҳар шахс дар дасти худи уст аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст барои аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эмин мондан бояд қоидаҳои гигиениро риоя намуда ҳамрӯза ғизои солим истеъмол намоем.

Дар идома қайд гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишварро лозим аст ҳар  ваҷаб замини доштаи худро самаранок истифода намуда, барои руёнидану ду се ҳосил дар як сол кӯшиш намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg