БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИҚОБ ПӮШЕД ВА ҚОИДАҲОИ ГИГИЕНАИ ШАХСИЮ ҶАМЪИЯТИРО РИОЯ НАМОЕД!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва оқилонаву самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо усули “хона ба хона” бо сокинони кӯчаи Низомӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев талаботҳои муроҷиатномаи ситоди ҷумҳуриявии оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муфассал ба сокинон фаҳмонида,  қайд кард, ки ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти сокинони мамлакат мерасонад, ки дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавҷи дуюми ин беморӣ хуруҷ кардааст. Ситоди ҷумҳуриявӣ аз тамоми шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд.

Кормандони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия муроҷиатномаи ҲХДТ- ро оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 ба сокинон дастрас гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg