![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200709_103613.jpg?itok=4mgj2128)
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҳангоми боздид аз заминҳои наздиҳавлигии сокинони даҳаи Садбаргҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ бо натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули онҳо ҷиҳати рӯёнидани ҳосил баҳои баланд доданд.
Аз мушоҳидаҳои ҳамарӯза бармеояд, ки сокинон заминро манбаи асосии даромади худ дониста, аз он самаранок ва мақсаднок истифода менамоянд. Махсусан аз заминҳои наздиҳавлигии худ тавассути меҳнати ҳалол даромади калон ба даст меоранд . Имрӯз дида мешавад, ки сокинон барои хариди картошка, лӯбиёгиҳо, кабудӣ, сирпиёз, бодиринг ва дигар намуд анвои хӯрданӣ ба бозор намераванд. Талаботи худро аз замини худ қонеъ мегардонанд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳамарӯза аз ҳолати кор дар заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаи онҳо дидан намуда, барои истифодаи самаранок аз ин заминҳо ва рӯёнидани чанд ҳосил аз як замин маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Дар суҳбати доирнамуда дар деҳаи Садбаргҳо зиёда аз 76 нафар соҳибхонаҳо иштирок намуда, оид ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ҷиҳати истифодаи самараноки замин маълумоти зарурӣ пайдо карданд.