БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ВА АНҶОМИ КИШТИ ТАКРОРӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, таҳти роҳбарии роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Муминзода Мастура Табарӣ- муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ,  корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба  пешгирии бемории коронавирус, кишти заминҳо ва баланд бардоштани маърифати сиёсию фарҳангии мардум дар ташкилоти ибтидоии “Ифтихор” ба роҳ монданд.

Зимнан масъулин барои баланд бардоштани маърифати сиёсии аҳолӣ ва дақиқан шинохтани симои аслии хиёнаткорону мухолифини давлат,ки  аксари онҳо дар хориҷи кишвар ба муқобили давлати мо баромадҳо мекунанд, аз ҷумла филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро ба намоиш гузошта, дастаҷамъона тамошо карданд.

Баъдан мулоқотҳо бо мардум  бо усули “хона ба хона” ва тариқи ҷамъомадҳо бо риояи амалҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус гузаронида шуда, масъулин  дар бораи муқовимат бо ин вабои аср суҳбатҳо гузаронида, сокинонро барои риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи масофаи байниҳамдигарӣ ва безарар гардонидани манзилҳои зист, кӯчаю маҳаллаҳо даъват карданд. Дар ин раванд  ба онҳо маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотии пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирусро тақсим намуданд.

Дар баробари ин намояндагон ҳолати кишти такрорӣ ва ҷамъоварии ҳосилро дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентии шаҳрвандон дидан намуда, ҳолати нашъунамои зироатҳои техникиро дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ аз назар гузаронида, барои самаранок истифода бурдани заминҳо ба аҳолӣ тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.   

       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg