БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТИ ХОНА БА ХОНА БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ НАВОБОД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг   бо мақсади  ба мардум  фаҳмонида додани   роҳҳои пешгирии коронавирус  дар кӯчаи   ба номи Мирзо Турсунзода бо усули “хона ба хона”  ба бештар аз 88 нафар сокинон дар бораи коронавирус ҳамчун бемории хатарноки сироятӣ, роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба он, вазифаи асосии ҳар як шахс дар мубориза ҷиҳати аз байн бурдани он суҳбат намуданд.

Дар суҳбатҳои доирнамуда таъкид карда шуд, ки ин беморӣ хеле хавфнок  буда,   беэҳтиётӣ нисбати талаботҳои гигиенаи шахсӣ  боиси ҳодисаҳои нохуш шуданаш мумкин аст. Дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои беморӣ ба  сокинони кӯча фаҳмонида шуд, ки сари вақт ба духтур муроҷиат намоянд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg