БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ КОРОНАВИРУС ХУДРО ЭМИН НИГОҲ ДОРЕД!

КӮЛОБ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат-бақои давлат!” Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб атрофии мавзӯи пешгирии коронавирус дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳри Кӯлоб  мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, Аксияҳои тарғиботиро баргузор карда истодаанд.

Чунин Аксияи ҳизбӣ дар дар ташкилоти ибтидоии  “Гулобод”   бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  гузаронида шуд.

Дар суҳбат қайд карда шуд, ки тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сироятёбии коронавирус дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, рӯ ба нестӣ оварда истодааст.  Вале ин маънои онро надорад, ки мо онро нодида бигирем ва талаботҳои беҳдоштиро риоя накунем.  Агар мо бихоҳем, ки худ ва наздиконамонро аз ин беморӣ ҳифз намоем, тавсияҳои созмонҳои умумиҷаҳонии тандурустиро қатъӣ риоя кунем.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg