БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЙДОДИ НАВ ДАР ОЛАМИ ВАРЗИШ

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Футбол дар баробари дигар навъҳои варзиш миёни насли ҷавон мавқеи хеле баланд  дошта, барои болидагии руҳу тан ва тарбияи солимии ҷавонон нақши калидӣ дорад. Ин намуди варзиш миёни ҷавонони кӯҳистон рӯз аз рӯз  мухлисону ҳаводорони  зиёд пайдо карда, дар ҳар кӯчаю пасткӯча аз кӯдакӣ хурд то насли калон вақтҳои холигии худро  бо ин навъи варзиш мепайванданд. Нисбати рушди футбол ва ҷалби бештари мухлисону ҳаводорон ба футбол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, бахусус узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Зарифзода Почохон Ҳабибулло бепарво  набуда, дар ин масир тибқи имконот гомҳои устувор мегузоранд.

Дар заминаи рушди футболи ноҳия  бо иштироки Зарифзода Почохон Ҳабибулло  мунтахаби ноҳия, ки аз соли 2001 инҷониб аз фаъолият боз монда буд, аз сари нав ба майдон баромада, барои иштирок дар майдонҳои сабзи лигаи дуюми футболи  вилоят  тибқи курракашӣ ба тамринҳои  расмии худ оғоз намуд. Дастаи футболи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин тибқи пешниҳоди худи варзишгарону ҳаводорони ин намуди варзиш ва дастгирии раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зарифзода Почохон Ҳабибулло «Терай» номгузорӣ шуда, дар расми ифтитоҳ ва шиносоӣ бо варзишгарон аз ҷониби раиси ноҳия барои дар оянда дар майдонҳои сабз ба хотири ғолибият ва ҳамгироии насли ҷавон баромад кардани онҳо  барору комёбӣ таманно карда шуд. Мо низ  ба орзую ормони тамоми мардуми ноҳия, ки аз таъсиси дастаи футболи ноҳия интизориҳои зиёд доранд, барору комёбӣ, ғолибият ва дар майдонҳои футбол  мухлисони зиёдро таманно менамоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg