КУШОНИЁН. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО-и Роғун бо сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеа
ЁВОН. Мутобиқи банди 3.1-и Оинномаи ҲХДТ ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш ба 18 солагӣ расидааст, узви ҳизби сиёсӣ шуда метавонад. Аз бахши омори ноҳияи Ёвон се нафар корманди ҷавон ба унвонии Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия барои пайвастан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуданд. Пас аз омӯзиш муайян гардид, ки онҳо шахсони арзанда буда, ба сафи ҲХДТ қабул карда шуданд.
Ҷ.БАЛХӢ. Дар майдони марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кушодашавии чархаи якуми НБО-и «Роғун» ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Ш.ШОҲИН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Сартанги ҷамоати деҳоти Саричашма суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
ШАҲРИТУЗ. Бо иқдоми кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Фурӯғи нури Раҳмонӣ» бахшида ба ифтитоҳи агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар маркази ноҳия гузаронида шуд.
ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Қаҳрамон баргузор гардид.
ФАРХОР. Сокинони деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Ғайрат кушодашавии чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд.
ТЕМУРМАЛИК. Бахшида ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даромадани агрегати якуми НБО “Роғун” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» роҳпаймоии сокинон ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дурахшон» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
ПАНҶ. Бахшида ба ҷашнҳои муҳимми давлатӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор андохтани агрегати авали НБО Роғун ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия дар маҳаллаи Навободи ҷамоати деҳоти Меҳвар чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12