БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ барои пешрафти рӯзгори мардум заминаи мусоид фароҳам меорад

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дурахшон» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Назарова Фароғат, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Валиев Суҳроб, мудири шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирӣ Шомудинова Шаҳло, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ризомова Гуландом иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Назарова Фароѓат ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки мақсад аз баргузории чорабиниву мулоқотҳо ин таҳким бахшидан ба Ваҳдати миллӣ, дар амал татбиқ намудани интизориҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сафарбар намудани сокинони маҳал ба корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошад.            

Инчунин, бо мақсади ба роҳи дуруст ҳидоят намудани ҷавонон ва гирифтани пеши роҳи бегонапарастию гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои ифротию террористӣ, бо истифода аз усулҳои муосири кор бо табақаҳои иҷтимоӣ боз ҳам пурзӯр намудани ҷалби нерӯи ҷавонон, ба равандҳои созандагию бунёдкорӣ ва ихтиёрӣ хизмат намудан ба сафи Қувваҳои муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.

Дар охири чорабинси ба фаъолон барои иштирок ва саҳми босазо дар чорабинии мазкур Сипосномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg