БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо миллати хушбахтем, ки чунин Сарвари оқилу тавоно насибамон гардидааст!

ПАНҶ. Бахшида ба ҷашнҳои муҳимми давлатӣРӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор андохтани агрегати авали НБО Роғун ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия дар маҳаллаи Навободи ҷамоати деҳоти Меҳвар чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид. Ҷамъомад бо иштироки намояндагони комиҷроия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Навобод роҳандозӣ гардид.

Нахуст, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон оид ба мавзӯи мазкур баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки имсол мардуми Тоҷикистон 26-умин солгарди баргузории яке аз рӯйдодҳои муҳими сарнавиштсоз – Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу ваҳдат истиқбол менамоянд. Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён тақдирсоз буд. Дар ин иҷлосияи тақдирсоз халқи тоҷик Роҳбари мардумпарвари худро интихоб намуд.

Имрӯз Тоҷикистон ба майдони бузурги бунёдкорӣ табдил ёфтааст. Бо ин бунёдкориву созандагӣ ва ташабусҳои беназири Пешвои миллат Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббусҳои бузург дар тамоми ҷаҳон шуҳратёр гаштааст.

Чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои мардуми маҳал идома ёфта, меҳмонон аз он дидан намуда, ба меҳмату истеъдоди сокинони маҳал баҳои баланд доданд.

Дар охир, иштирокчиён оиди ин мавзӯъ фикру андешаҳои худро аз лаҳзаҳои тақдирсози таърихи навини тоҷикон нақл намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg