БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Август 2018

Пос доштани фарҳанг рисолати муҳими ҳар шаҳрванд аст!

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Личаки болои ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳия тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир гардид.

Иттиҳоду сарҷамъӣ рамзи Истиқлолияти комил ва пирӯзии миллат аст!

КУШОНИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаҳои Ваҳдат, ба номи С.Муродов, Н.Қарабоев ва Ш.Шоҳтемури ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Табибон нисбати терроризму экстремизм нафрат доранд!

КӮЛОБ. Вобаста ба дарки ҷомеа расонидан аз мақсадҳои фассоди ТТЭ ҲНИ дар такшилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи кӯдаконаи вилоятӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ ташкил карда шуд.

Ҳунар воситаест, ки ба зиндагии босаодати инсон мусоидат мекунад

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон, кӯрпачаву кӯрпадӯзӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби  сокинони деҳаи Лайлакуяи ноҳия намоиш дода шуда, дар ин рӯз ҳамчунин бар

Кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми аввалиндараҷа доранд

ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварз» хониши сиёсӣ баргузор карданд.

Маориф-инъикосгари зеҳну тафаккури миллат

ДАНҒАРА. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Дурахшон 1-и  ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳия хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид. Ҳамзамон дар доираи ин вохӯрӣ Аксияи ҳизбии “Мактаб даргоҳи маърифат!” баргузор шуд.

Пойдории оила устувории давлатро таъмин мекунад

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоту муассиса ва деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Вахш бо иштироки муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Исмоил дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази тропикӣ" хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи "Солимии оила, солимии ҷомеа" доир карда шуд.

Ҳифзи фарҳангу асолати миллӣ моро ба Истиқлолияти давлатӣ расонид

Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти Ҳалевард чорабинии васеъи ҳизбӣ баргузор намуда, дар рафти он аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Ҳунарҳои мардумӣ рушд ёфта истодаанд

КӮЛОБ. Аз рӯи нақшаи баргузории чорабиниҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Зиракӣ бо ҷалби сокинон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари фарҳанги аждодиамон аст

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи ба номи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg