БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табибон нисбати терроризму экстремизм нафрат доранд!

КӮЛОБ. Вобаста ба дарки ҷомеа расонидан аз мақсадҳои фассоди ТТЭ ҲНИ дар такшилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи кӯдаконаи вилоятӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ ташкил карда шуд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари такшилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи кӯдаконаи вилоятӣ” Сайдалиев Суҳроб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан, Фирӯзи Саидмӯъмин дар баромади худ гуфт, ТТЭ ҲНИ меъмор ва роҳбалади асосии ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ буд. Дар бобати шоҳиди ҳол Сатторов Аёмиддин бо лақаби мулло Алломиддин яке аз асосгузорони ин ҳизби тунгаро дар наворе, ки бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ба намоиш гузошта шуд, амалҳои онҳоро ба ҷомеа ифшо намуд. Аз гуфтаҳои Сатторов Аёмиддин аён гардид, ки роҳбарон ва фаъолони ТТЭ ҲНИ барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан чи гуна мақсадҳои шуму тира доштанд. Яъне динро воситаи пешбарандаи барномаи худ карда, ҳол он ки дар дини мубини ислом гурӯҳбозӣ ва тафриқангезӣ манъ аст.

Нест бод хоинон, нест бод бадхоҳони миллат, нест бод душманон ва нест бо террористону экстремистон бо чунин суханҳо иштирокдорон баёни андеша карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg