БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иттиҳоду сарҷамъӣ рамзи Истиқлолияти комил ва пирӯзии миллат аст!

КУШОНИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаҳои Ваҳдат, ба номи С.Муродов, Н.Қарабоев ва Ш.Шоҳтемури ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ бо мардум вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз қабили аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳангӣ бегона бо мақсади ҳифзи ҳувияту асолати миллӣ, ташаккули фарҳанги техникӣба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти он, муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикорупсионӣ, фаъол гардонидан аҳолӣ дар самти мубориза ба нашъамандиву нашъаҷалобӣ ҳамчун зуҳуротӣ хатарзо ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон аз тарафи масъулин суханронӣ карда шуд.

Зимнан масъулин оид ба масъалаҳои номбурда андешаронӣ карда, афзуданд, ки Тоҷикистон дар ҳама давру замон дар осоишу оромиш ва бо ҳамсояҳо дар ҳусни ҳамҷавории неку мусолиматомез зиндагӣ карда, ҳамеша аз сулҳу субот ва оромиву осоиш пуштибонӣ намудааст, ки ин асл яке аз маромномаҳои асосии сиёсати хирандмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳамчунин масъулин қайд доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз мардуми огоҳу бедордил, адибону зиёиён, фаъолону собиқадорон ва пирони рӯзгордида даъвт ба амал меорад, ки ҳама гуна амалҳои иғвогаронаи миллатро маҳкум намуда, дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошанд, зеро иттиҳод рамзи ягонагӣ ва пирӯзии миллат аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg