МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Личаки болои ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳия тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Гулсунбӣ Раҷабова дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби либоси миллӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, коррупсия, рушди ҳунарҳои марудмӣ ва ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасӣ қарор дода, моҳияти озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», ки ноҳияи Муъминобод ҷойҳои таърихиву мавзеъҳои сайёҳии зиёд дорад фаҳмонида, онҳоро барои иштирок дар озмуни мазкур даъват намуд.
Инчунин, ҳунармандони чирадасту хушзавқро низ ба озмуни ҳизбӣ таҳти унвони «Беҳтарин доиркунандаи чорабинии ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи маҳал», ва “Тарроҳи беҳтарин” даъват намуд.