БОХТАР. Бахшида ба Рӯзи Модар миёни бонувони маҳаллаи Зарбдори шаҳри Бохтар озмуни “Беҳтарин бонуи нонпаз” доир гардид. Шартҳои озмуни мазкур аз тарзи омода намудан, ороиши нон, пухтан ва пешниҳод намудани он иборат буд. Дар озмуни ҳизбӣ занону духтарони маҳалла фаъолона иштирок намуда, Азамова Фароғат, Мунаварова Гулноза ва Пиракова Марзия ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовар гардиданд.






























