БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР САТҲИ БАЛАНД ДОИР ГАРДИД

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси нақша- чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ишмуродов Ҳакимҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода, мудири шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Назаров Шоҳин, имомхатибони масҷидҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чубек ва шаҳраки Москва, собиқадорон, аъзову ҷонибдорони ҳизб ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроия дар қабристони деҳаи Меҳрвар ва Меҳрвари боло барои тозаю озода нигоҳ доштани қабристонҳо чорабинии  ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд.

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия даромадгоҳи қабристон сангфарш карда шуда, 25 бех дарахтони ороишии арча шинонида шуд. Аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ  гирду атроф ва дохили қабристон тозаю озода карда шуда, ҳашарчиён бо хӯроки нисфирӯзӣ  таъмин гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg