БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗИ ЁДОВАРӢ

ҶАЙҲУН. Бо мақсади баргузории корҳои ободонӣ дар доираи нақшаи  кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун оид ба баргузории Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Рӯзи Ёдоварӣ” бо иштироки мудири шуъбаи талиғот, иттилоотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун  Бекмамадов Асалмамад дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Сулҳобод” ва “Сомонӣ” дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ ҳаршари дастаҷамъона ба роҳ монда шуд.

Дар чорабинии ҳизбӣ зиёда аз 240 нафар аъзои фаъоли ҳизб ва ҷонибдорони ин амалиёт иштирок намуда, корҳои тазакунии дохил ва гирду атрофи қабристонро ба сомон расонида, дар қитъаи замини вобасташудаи назди оромгоҳ 100 адад дарахтони ороишӣ шинонида шуд. Чунин иқдомҳои неку созанда ба хотири боз рушду пешрафта гардидани Тоҷикистони азиз буда, дар оянда низ ин ташаббус бо иштироки масъулин дар ҳудуди ноҳия ва бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб амалӣ карда мешавад.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg