БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИ ТАҲТИ УНВОНИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДОИР ГАРДИД

ҶАЙҲУН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун якҷоя бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Лоҳутӣ», «Ҷӯйбор», «Хирманҷо», «Суғдиён», «Ҳомиён» ва «Орзу»  оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” дар Ҷамоатҳои деҳоти Қумсангир ва Истиқлол доир карда шуд.  

Дар чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Асроров Саидшо, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зайдуллоев Муҳаммадҷон ва Сайфуллоев Раҳмиддин мутахассиси  шуъбаи  ташкилии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун иштирок доштанд. Дар ин рӯз зиёда аз 540 нафар сокинон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои тоза намудани гирду атрофи ин оромгоҳҳо баромада, дар корҳои созандагиву ободонӣ  саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Бояд қайд кард, ки ин чорабинии мазкур оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои ноҳия ташкил ва гузаронида мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg