БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАРДУМӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

ХОВАЛИНГ. Дар ҳавзаи интихоботии № 13 вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг Сатторова Малоҳат  боинтихобкунандагон доир гардид.

Вакили мардумӣ дар вохӯрӣ ҳозиринро бо дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бармеояд, шинос намуда,   оид ба истифодаи самараноки замин, таълиму тарбияи  хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ, масъулияти падару модар ва омӯзгорон дар таълиму тарбияи фарзанд, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, шомилшавии чавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар масъалаҳои  ҳалталаб сухан гуфт.

Дар охир интихобкунандагон ба вакили худ чанд талабу дархосташонро пешниҳод намуда, вохӯрии вакил бо интихобкунандагонаш судманд анҷом ёфт. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg