БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОФТОБИ РӮИ МОДАР ТАҶАЛЛИИ НУРИ ИЛОҲИСТ!

АНДЕША. Зан – Модар, офарандаи ҳаёти инсон  дар рӯи замин пеши  назар меояд. Ба оғози фасли шукуфтанҳо рост омадани  иди модарон низ нишонаҳои рамзӣ  дорад. Рӯзи модаронро чун зебогиҳояш дӯст медорему фарорасиашро бесаброна интизорӣ мекашем. Тоҷикистонро биҳишти рӯи замин мегӯем ин аст, ки Ватани офтобии мо дар арафаи Рӯзи Модарон аз замини муқаддаси он нахлу рустаниҳои зебо сар кашида, чун туҳфа ба модарон ғунча мешукуфонанд. Рисолати зан – модар, пеш аз ҳама ба дунё овардани фарзанди солим, нигоҳубин ва ба камол расонидани ӯ мебошад.

Модар гаҳвораю оламро бо ҳам мепайвандад. Рисолати ҳар як зан – модар дар зиндагӣ бояд саҳмгузор будан ва дар пешрафти Ватани азизи худ хизмат намудан ба халқ ва аз худ номи накӯ боқӣ гузоштан аст. Фикр мекунам, ки барои пешрафту муваффақиятҳо дар зиндагӣ ва рушду ташаккули як инсони комил муҳимтар аз ҳама садоқат, меҳру муҳаббати беандоза ба Ватан ва оила нақши муҳим мебозад. Барои ҳамин таманно дорам, ки бонувони миллатамон анъана ва  расму русуми тоҷиконро гум накунанд, покизагии тану ботини худро нигоҳ доранд, оилаи солимашро ҳифз карда, фарзандони некро ба воя расонида, соҳибкасбу соҳибмаълумот буданашон ва  қадру манзалати миллату Ватани хешро боло бардоштанро тарбия намоянд.

Занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд. Имрӯз занон баробари мардон дар пешрафту ободии Ватан ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

Бонувони кишвар дастуру  пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият эҳсос менамоянд ва чунин ғамхориҳо моро водор месозанд, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Сарвари давлат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар сокини кишвар мебошанд, камари ҳиммат баста, дар пешрафту тараққиёти ҷомеа қадамҳои устувори худро гузорем.

Дар охир чунин гуфтаниям: "Бузургтарин муҳаббат ин муҳаббати Модар ба фарзанд аст ва арзандатарин садоқат ин садоқати фарзанд ба Ватан".

ВОҲИД  Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg