БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН БОНУИ НОНПАЗ” ДАР БОХТАР

БОХТАР. Бахшида ба Рӯзи Модар миёни бонувони маҳаллаи Зарбдори шаҳри Бохтар озмуни “Беҳтарин бонуи нонпаз” доир гардид. Шартҳои озмуни мазкур аз  тарзи омода намудан, ороиши нон, пухтан ва пешниҳод намудани он иборат буд. Дар озмуни ҳизбӣ занону духтарони маҳалла фаъолона иштирок намуда, Азамова Фароғат, Мунаварова Гулноза ва Пиракова Марзия ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовар гардиданд.

Дар  ҷамъбасти озмун мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида иштирок намуда, нахуст ҳозиринро ба муносибати фарорасии фасли баҳор ва Рӯзи Модар шо бош гуфта, доир ба тарзи баргузории озмун, шартҳои он, имконият, мақсаду ҳадафҳои доир намудани озмун иброз ақида  кард. Мавсуф дар идомаи суҳбат гуфт, ки мақсади асосии баргузории озмуни шаҳрӣ  “Беҳтарин бонуи нонпаз” эҳёи  ҳунарҳои мардумӣ, пеш аз ҳама нигоҳ доштани  ҳунари нонпазӣ ва дастархонороӣ миёни занону духтарон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg