ПАНҶ. Дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бахшида ба Рӯзи Модар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Панҷ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия бо хонандагони синфҳои болоӣ озмуни иншои беҳтарин миёни хонандагон дар мавзӯи «Модар яктост, Тоҷикистон якто!» гузаронида шуд.




























