БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОНРО ГАР ЗИ ДОНИШ ЗЕВАРЕ ҲАСТ…

АНДЕША. Дар замони хеле ҳассос ва тақдирсоз, марҳалаи кунунӣ, ки халқи мо ба  Ваҳдат ва озодиву истиқлолияти воқеӣ расид,  мо  соҳибони Ватанро зарур аст, ки муносибатамонро  ба дастовардҳои фарҳангии гузашта беҳтар намуда,  моҳияту мазмуни нав дода, омӯзишу таҳқиқи одилона, воқеъбинона, озодро омӯзем ва омӯзонем. Танҳо чунин муносибати хирадмандона, одилонаву оқилона, ҳақбинона ва ҳадафмандона ба офаридаҳои табъу завқи солими гузаштагон, имкон медиҳад, ки  ин ганҷи бебаҳои миллӣ ва сарвати саршор аз меҳру муҳаббат,  арзанда, шоён ба тарбияи маънавиву ахлоқӣ ва зеҳнии имрӯзиёну фардоиён нигаронидаву сафарбар шавад ва аз ин роҳ наслҳои имрӯзаву ояндаи бунёдгузорони ҷомеаи навин дар руҳи орзуву ормонҳои ниёгон ва бузургони озодиву истиқлолияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ тарбияи эҳсоси амиқи ватанхоҳониву миллатпарварӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ хидмат кунанд. Имрӯз ҷамъияти инсонӣ, дунёи пур аз талотумҳои таърихӣ ба инсонҳои дорои ахлоқу одоби ҳамида, маънавиёти баланд эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ,  фарҳанги гузашта бояд чунин рисолати таърихиро, аз ҷумла доштани муҳаббату самимият ба Ватан, модар, сарзамини аҷдодӣ, ба ниёгон, сарзамини ниёгон, ки бо сабабҳои гуногуни таърихӣ қариб, ки аз даст додаем мудом ёдовар шуда, ба насли оянда ин хотираҳои пуртуғёни таърихро ба мерос гузорем, иҷро карда тавонад.

Агар аз як тараф ба воситаи осорҳои маънавӣ ҷавононро бо хислатҳои волои доштаи ниёгон, ки онро инсони комил дошта метавонад ошно созем,  аз тарафи дигар ҷомеаи имрӯзи солим бояд миллат ва халқи руҳан солимро тарбия намояд, ки ин хизмат, пеш аз ҳама аз модари солим буда метавонад.

Инсони муосир дар таъйини сарнавишти ояндаи хеш танҳо ба ганҷинаи маънавии дар тули асрҳо андухтаи хеш умед мебандад, чунки худшинос будан аз осори гузаштагон сарчашма мегирад, имрӯзиён бошад аз он меомӯзанд, ифтихор менамоянд, сарбаланд ҳастанд. Аз ҷумла, миллати баруманди тоҷик низ бузургтарин ва пур меростарин миллате дар олам ба шумор меравад, ки дорои осорҳои хаттии зиёди аҷдодон буда, он ҷаҳонро бо маърифат ва созандагиаш ба таккон овардааст. Яъне, ҳамчун миллати баруманду арҷманд миллатии тоҷик низ ба қисмати мардумони Шарқ дохил мешавад ва олами маънавии мардумони шарқ бошад, хеле ғанӣ ва пурсарват мебошад. Масалан,қадимтарин корбурди ҳаммаънои (синоним) зан, яъне бону дар яке аз сангнавиштаҳои тахти Ҷамшед ба хати тиллоӣ ба сурати Банука (Ba-nu-ka) аст, ки духтари Куруш, ҳамсари Дорувиш ва модари Хушоёршоҳ будааст. Дар порсии миёна ва порти ба шакли «бонуг» дида мешавад. Чандин бор дар Катибаи Шопури аввал дар каъбаи Зардушт, дар унвони занони дарбор ва ба унвони лақаби ноҳид (Яздбонуи нигаҳбони об Аноҳита) омадааст. Пас набояд фаромуш накард, ки дар саргаҳи ин ҳама бузургиҳо ва ҷаҳонишавиҳо пеш аз ҳама нақши зан - модар  назаррас буда, имрӯз ҳам он дар пешбурди ҷомеъаи солим, навин ва созанда хуб ба назар мерасад.  Виктор Гюго мефармояд:  «Ҳангоме, ки ҷомеа занонро нодида мегирад ва ҳуқуқашонро поймол мекунад, доғи бенавоӣ ва нанг бар пешонии ҷомеа мемонад». Пас дар ҷомеаи кунунии мо нақши зан-модар дар доираи хиради некибинона  мавқеъу мартабаи волои худро доро буда, таккондиҳандаи ҷомеаи солими инсонист. Аз ин хотир Пешвои муаззами миллат мефармояд: «Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар  худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд».

Аз ин рӯ, чун мардуми некбину некоин, баруманд, куҳанбунёду фарҳангии мо дар ҳикояту насиҳати пирону омӯзгорони фозил ба воя расидаанд, ривоят мекунанд, ки гурӯҳи мардон дар сари бозор  истода баҳсеро хеле тулонӣ мекашанд ва ба хулосае намеоянд, пире аз модари роҳгузаре хоҳиш менамояд, ки бирав ва ба ин фарзандон бигӯй, ки ҷавоби баҳс  ин асту ҳама аз паи рӯзгори хеш бошанд. Модари пир  ба мардоне, ки бо овози баланд аз паи ҷавоби дуруст бо ҳам қариб дар набард  меомаданд, наздиктар рафта хост ба баҳси  онҳо нуқта гузорад ва гуфт: «Фарзандони гиромӣ ҷавоби ин баҳсатон чунин аст, мехост модар  фаҳмонад  ва ногоҳ  садои дағалонаи марде бар гӯшаш расид, ки гуфт: «Бирав эй зан!  Агар ту мартабаи бузург медоштӣ Офаридгор аз ҷинси ту пайямбар меофарид» ва модарро он мард ҳатто гӯш кардан нахост. Модар дар фарҷом рӯҳафтодаву парешон ба хона баргашт ва бо Яктои пок дар суҳбат шуду гирякунон гуфт: «Эй Офаридгор, аз ман чӣ гуноҳ гузаштааст, ки аз ҷинси ман пайямбар  наофаридӣ? Имрӯз фарзанд бо ман ношуданиҳо гуфт. Аз ғайб садо омад: Бирав эй модар ва осуда бихоб. Тамоми пайғамбарон аз домони ту ба дунё омадаанд ва ҳамаи онҳо пеши ту саҷдагузоранд. Ту он Худое  ҳастӣ дар рӯи замин, ки баъзе худоношиносон туро намешиносанд.» Яъне, модари гиромии мо, момаву хоҳару холаву аммаи мо фариштае дар заминанд, ки танҳо аз паи ободӣ, оромӣ,  озодӣ  ҷадал намуда, тухми некиву некоиниро дар рӯи замин бикоранд ва фарзандҳои баору номус, меҳанпарасту худшиносро тарбия намоянд. Барои ба ин мақсад расидан, мо модарон бояд, ки соҳиби маълумот, маърифат, савод, касбу ҳунари милливу дунявиро доро бошем, то ба фарзандон аз ин ганҷи ниҳон зиёдтар омӯзонем.

Рустами Ваҳҳоб олим ва фозили шинохтаи тоҷик даъвати зебое дар ин ҷодаро барои ҷомеаи солим тақдим намуда мефармояд, ки ҳақ бар ҷониби ӯст:

         Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

         Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст,

         Агарчи аз занон пайямбаре нест,

         Ҳама паямбаронро модаре ҳаст.

Гавҳар Шарофзода , вакили МНМОҶТ, аъзои фраксияи ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg